Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт(а) — Абна — як манбаи давлатии ироқӣ эълом кард, ки нерӯҳои амрикоӣ аз моҳи сентябри оянда (2025) раванди хуруҷи комили худ аз Бағдодро оғоз карда ва ба самти Арбил, пойтахти иқлими Курдистони Ироқ, мунтақил хоҳанд шуд.
Ба гузориши «Ас-Сумариянюз» ба нақл аз ин манбаъ, нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз пойгоҳи Айн-ул-Асад, фурудгоҳи Бағдод ва мақари фармондеҳии амалиёти муштарак хуруҷ карда ва ба Арбил мунтақил хоҳанд шуд.
Ин манбаъ тавзеҳ дод, ки раванди хуруҷи нерӯҳо дар сентябр сурат мегирад ва дар чорчӯби тавофуқ миёни Бағдод ва Вошингтон иҷро хоҳад шуд.
Ӯ афзуд, ки мураббиёни низомии амрикоӣ дар Ироқ боқӣ хоҳанд монд ва ҳузурашон иртиботе ба хуруҷи нерӯҳои эътилоф надорад.
«Ас-Сумариянюз» ҳамчунин ёдовар шуд, ки пештар низ гузоришҳое дар бораи оғози интиқоли таҷҳизоти амрикоӣ аз пойгоҳи Айн-ул-Асад дар ғарби Ироқ мунташир шуда буд. Ин иқдом дар ростои тавофуқи Бағдод ва Вошингтон барои поён додан ба маъмурияти эътилофи байналмилалӣ аст. Тибқи ин тавофуқ, нерӯҳои амрикоӣ то сентябри 2026 танҳо дар Арбил ва шимоли Ироқ боқӣ хоҳанд монд.
Гуфтанӣ аст, аз январи 2024 кумитаи олии низомии муштарак миёни Ироқ ва эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико ташкил шуд, то маъмурияти ин эътилоф дар мубориза бо ДОЪИШро мавриди бознигарӣ қарор диҳад.
Дар баёнияи дафтари расонаии нахуствазири Ироқ, ки дар он замон мунташир шуд, таъкид шуда буд: «Поёни маъмурияти низомии эътилофи байналмилалӣ алайҳи ДОЪИШ пас аз гузашти як даҳа аз оғози он ва таҳқиқи дастовардҳои бузург, бо ҳамкорӣ ва мушорикати нерӯҳои амниятӣ ва низомии Ироқ, бар ӯҳдаи мутахассисони низомӣ хоҳад буд.»
Your Comment